Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

3 медали таеквондочиён дар мусобиқаи кушоди Чин

11.11.2019

: 1649

Таеквондочиёни кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин сазовори 3 медал гардиданд.

7-9 ноябр дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондои ҷаҳонӣ миёни ҷавонон ва калонсолон (“2019 The Belt and Road China Open International Taekwondo Championships - World Taekwondo - G-1”) доир гашт. Дар мусобиқа беш аз 500 варзишгар аз 20 давлати қораҳои Осиё ва Африқо ширкат карданд.
Аз ҷумҳурии мо 5 варзишгар – Мадкаримова Манижа, Ширинмоҳ Миршакарзода, Моҳру Ҳалимова, Хуррам Меҳтаршоев ва Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов бо роҳбарии раиси Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ва мураббӣ Исломиддин Фозилов ба Чин сафарбар гардиданд ва ба гирифтани 3 медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ мушарраф шуданд.
Медали нуқраро Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар вазни -73кг миёни ҷавонон, медалҳои биринҷиро Ширинмоҳ Миршакарзода дар вазни -49кг ва Моҳру Ҳалимова дар вазни -67кг миёни калонсолон ба даст оварданд.
Ба иттилои Ҷаҳонзеб Қармишев, шумораи медалҳои таеквондочиён дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2019 ба 43 адад расид.