18.10.2019
: 283
Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар доираи баргузории 24-ум Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар бо роҳбарони як қатори ташкилотҳои варзишии байналмилалию қитъавӣ масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот бо ноиби директори Ҳамбастагии олимпӣ хонум Памела Випонд, лоиҳаи як маҷмааи варзишӣ муаррифӣ карда шуда, он барои баррасии минбаъда ва маблағгузорӣ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пешниҳод гардид.
Аҳтам Абдуллозода дар идома, инчунин бо раиси Федератсияи бадминтони Осиё Антон Адитйа Субово ва ноиби президенти Федератсияи байналмилалии баскетбол мулоқот карда, масъалаҳои рушди ин намудҳои варзиш дар Тоҷикистон, инчунин ба федератсияҳои миллии кишвар расонидани кӯмакҳои техникиро муҳокима намуданд. Аз ҷумла, Антон Адитйа Субово омодагиашро барои расонидани кӯмаки техникӣ ва кӯмак расонидан барои сохтмони як толори варзишӣ дар Тоҷикистон изҳор намуд. Қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи иншооти варзиширо ба Федератсияи бадминтони Осиё пешниҳод намояд.
Дар мулоқот бо масъулони Шуъбаи маркетинг ва дигар кормандони Ҳамбастагии олимпӣ вазъи татбиқи барномаҳои ҷаҳонии олимпӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Зимни суҳбат ҷонибҳо барои ҷалби маблағҳои сарпарастон ҷиҳати рушди варзиш дар Тоҷикистон ва амалӣ намудани барномаҳои нави Ҳамбастагии олимпӣ дар кишвар ба тавофуқ расиданд.