Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дидори ноиби Президенти КМОТ бо Томас Бах дар Доҳа

Дидори ноиби Президенти КМОТ бо Томас Бах дар Доҳа Дидори ноиби Президенти КМОТ бо Томас Бах дар Доҳа Дидори ноиби Президенти КМОТ бо Томас Бах дар Доҳа

18.10.2019

: 1306

17 октябр дар доираи баргузории 24-ум Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Ҷопону Узбекистон дидору мулоқот анҷом дод.

Аз ҷумла, зимни дидор бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах аз ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо ба хотири рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи иҷрои бандҳои протоколи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Томас Бах, ки соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, муҳокима шуд.
Аҳтам Абдуллозода, ҳамчунин бо роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Ҷопон Ясуҳиро Ямасита ва Узбекистон Рустам Шоабдураҳмонов, ки ҳар ду ба тозагӣ интихоб шудаанд, мулоқот карда, онҳоро барои интихоб шуданашон ба ин мақом шодбош гуфт.
Дар мулоқот бо Ясуҳиро Ямасита масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон, ки зимни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон моҳи октябри соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ шуд. Ҷонибҳо барои ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифтани 4 дзюдочии тоҷик дар Ҷопон қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва дарёфти кӯмакҳои техникӣ ба мувофиқа расиданд.
Зимни мулоқот бо президенти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон Рустам Шоабруҳмонов низ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, барои дар наздиктарин фурсат ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум, баргузор кардани машқҳои дастаҷамъӣ ва сафари расмии роҳбарияти кумитаҳои олимпӣ ба ду кишвар ба тавофуқ расиданд.
Ёдовар мешавем, ки XXIV Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар ҷараён дорад.