Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳаҷимэ Мориясу: “Ғалаба бар Тоҷикистон осон ба даст наомад”

Ҳаҷимэ Мориясу: “Ғалаба бар Тоҷикистон осон ба даст наомад” Ҳаҷимэ Мориясу: “Ғалаба бар Тоҷикистон осон ба даст наомад” Ҳаҷимэ Мориясу: “Ғалаба бар Тоҷикистон осон ба даст наомад”

16.10.2019

: 158

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бори аввал ба бохт дучор шуд. Дар даври чорум шогирдони сармураббӣ Усмон Тошев аз барандаи медали нуқраи Ҷоми Осиё-2019 – тими мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардиданд.  

Вохурии дастаҳо шоми 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Барои дастгирии тими миллии футболи кишвар 19100 нафар ҷамъ омаданд. Дар ҳайати тими ғолиб ду голро Такуми Минамино, як голи дигарро Такума Асано заданд.
Нигоҳ накарда ба мағлубият, мунтахаби Тоҷикистон муқобили яке аз беҳтарин дастаҳои Осиё, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Руссия то даври 1/8-финал баромада буд, бозии хубу шоиста нишон дод.
Сармурабби тими миллии Ҷопон Ҳаҷимэ Мориясу низ дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ гуфт, ин ғалаба ба шогирдонаш осон ба даст наомад: “Шогирдони мо барои ба даст овардани ғалаба тамоми нерӯашонро сарф карданд ва бозии хуб нишон доданд. Ин пирӯзиро ба ҳамаи зарардидагони офати табии Ҷопон мебахшем. Дар мавриди бозӣ гуфтаниам, ки фишорҳо аз ҷониби мунтахаби Тоҷикистон буданд, хусусан дар нимаи аввал. Ҳолатҳое буданд, ки мизбонон имкон доштанд ҳисобро кушоянд. Дар нимаи дуюм мо рафти бозиро каме тағйир додем, фишорҳоро бештар кардем ва пирӯз шудем. Нигоҳ накарда ба он ки мо се гол ба дарвозаи Тоҷикистон задем, ғалаба осон ба даст наомад. Дар бораи тими Тоҷикистон чӣ гуфтаниям? Дастаи хуб, рақобатпазир, аз ҷиҳати техникӣ омӯзишдида. Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои оянда муваффақият мехоҳам”.
Дар бозии дигари гурӯҳ Қирғизистон дар сафар бар тими Муғулистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Баъд аз чор давр тими мунтахаби Ҷопон бо 9 хол дар садри ҷадвали гурӯҳи “F” қарор дорад. Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 6-холӣ дар зинаҳои дуюму сеюманд.
Моҳи ноябр мунтахаби Тоҷикистон дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ду бозӣ анҷом медиҳад: 14 ноябр дар Янгон муқобили Мянмар, 19 ноябр дар Бишкек бо Қирғизистон.