Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қайиқронҳои тоҷик ба Чин мераванд

15.10.2019

: 1029

17-20 октябр дар шаҳри Шаосинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ – марафон (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон баргузор мегардад.

Дар мусобиқа аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир бо маблағгузории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, Шаҳриёр дар каноэ ва Нурмуҳаммад дар байдарка ба масофаи 26,2 км қувва меозмоянд.