24.09.2019
: 740
Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пас аз натиҷагирии мусобиқаи Гран Прии Тошканд раддабандии таҷдидшудаи олимпиро нашр кард.
Дар раддабандии нав варзишгари маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода бо 1978 хол ба ҷои 13-уми вазни -73кг баромад. Ӯ қаблан дар ҷои 15-ум мавқеъ дошт. Тибқи талаботи системаи интихобии олимпӣ (ба ҳар КМО як роҳхат) дар воқеъ Беҳрӯз дар ҷои 10-ум қарор дорад. Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Прии Тошканд сазовори медали нуқра гардид ва 490 холро сазовор шуд.
Варзишгари дигари мо Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар Гран Прии Тошканд ҷои панҷумро ишғол кард ва мавқеашро дар раддабандии олимпӣ 2 зина беҳтар намуд – аз ҷои 24 ба ҷои 22-юм (дар воқеъ ҷои 15-ум). Темур барои ҷои панҷум соҳиби 252 хол гардид ва шумораи холҳояш ба 1373 расид.
Дар раддабандӣ номи нави варзишгари Тоҷикистон Муҳаммад Маҳмадизода ворид гардид. Гран Прии Тошканд барои Муҳаммад аввалин мусобиқаи байналмилалӣ маҳсуб меёфт, ки дар вазни -60кг ҷои 7-умро ишғол кард ва 182 хол ба даст овард. Бо ин натиҷа ӯ дар ҷои 97-ум мавқеъ гирифт.
Саидов Саидҷалол дар вазни -100кг бо як ғалаба 112 хол ба даст оварда, мақеашро ҳафт зина беҳтар кард – аз ҷои 64 ба ҷои 57.
Дигар варзишгаронамон – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Шакармамад Мирмамадов (+100кг) якзинаӣ, Комроншоҳ Устопириён (-90кг) се зина поён шуданд.
То охири соли равон варзишгаронамон имкон доранд дар 4 мусобиқаи дигар – силсилаи мусобиқоти Гранд Слам дар Бразилиа (6-8.10), Абу Даби (24-26.10), Осака (22-24.11) ва “Qingdao Masters” (12-14.12) – иштирок карда, барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ кӯшиш кунанд.
Марҳилаи интихобӣ дар намуди дзюдо то 20 майи соли 2020 идома меёбад.