Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: “Хатлон” ба ҷои сеюм баромад

23.09.2019

: 1185

Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

21 сентябр дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозии КМВА “Помир” бо “Куктош” мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Голҳои тими Бохтарро Абдухалил Боронов (2 гол), Парвиз Охунов ва Умарҷон Шарифов заданд. Ба голи задаи футболбози дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Азизбек Султонов дар нимаи аввал, артишиҳо тавассусти Шодибек Ғаффоров дар нимаи дуюм ҷавоб доданд.
Нобарории “Куктош” сабаб шуд, ки “Хатлон” бо 22 хол аз 16 бозӣ ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат барояд.
22 сентябр бошад, “Истиқлол” дар майдони худ ба дарвозаи тими “Истаравшан” 2 голи беҷавоб зад. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дар бозии дигар “Хуҷанд” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Турсуналӣ Рустамов ба номаш сабт кард.

   ДАСТАҲО   Б      Ғ      М      Б      Т/Т        Х    
 1    "Истиқлол" (Душанбе)      16  13  3  0  45-11  42
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  15  8  2  5  26-16  26
 3  "Хатлон" (Бохтар)  16  6  4  6  22-21  22
 4  "Куктош" (Рӯдакӣ)  16  5  5  6  23-23  20
 5  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)      16  5  4  7  22-26  19
 6  КМВА "Помир" (Душанбе)  16  5  4  7  16-22  19
 7  "Истаравшан" (Истаравшан)  15  5  2  8  13-21  17
 8  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)      16  3  2  11  13-38  11