Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Марҳилаи сеюми Ҷоми Пешвои миллат оғоз шуд

13.09.2019

: 1007

14-15 сентябри соли равон марҳилаи сеюми интихобии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат ба ифтихори 28-ум солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Мусобиқот дар шаҳри Ваҳдат (барои шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор) ва ноҳияи Рашт (ноҳияҳои минтақаи Рашт) доир мешавад. Қувваозмоиҳоро дар Рашт Абдурасулов Муҳаммад, Абдуллоев Муъмин ва дар шаҳри Ваҳдат Зарифов Рустам, Солеҳов Манон доварӣ менамоянд.
Дар марҳилаи сеюм ғолибони марҳилаи якум (сатҳи деҳаву маҳал) ва марҳилаи дуюм (сатҳи ноҳияҳо) иштирок мекунанд ва ғолибон ба марҳилаи ниҳоӣ – ҷумҳуриявӣ, ки 1-5 октябр ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Марҳилаи сеюм, ҳамчунин дар сатҳи вилояту минтақаҳои дигари кишвар низ баргузор хоҳад шуд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷудо шудааст. Барои ҷои якуми даставӣ 30 000 сомонӣ, барои ҷои дуюми даставӣ 25 000 сомонӣ, барои ҷои сеюми даставӣ 20 000 сомонӣ ва барои ғолибони мусобиқоти инфиродӣ дар се синну сол 25 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.