Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии Шаббос ва Баҳодур дар даври аввали Чемпионати ҷаҳонии бокс

13.09.2019

: 1466

Тавре хабар дода будем, 8 сентябр дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Руссия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо оғоз гардид, ки то 21 сентябр идома меёбад.

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA), дар чемпионат 365 варзишгар аз 78 давлат аз рӯи 8 категорияи вазнӣ - -52кг, -57кг, -63кг, -69кг, -75кг, -81кг, -91кг ва +91кг – барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Аз ҷумҳурии мо 4 варзишгар – Бахтовар Сагизов (-57кг), Баҳодур Усмонов (-63кг), Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-75кг) бо роҳбарии сармураббӣ Мирзо Шамсиев дар чемпионат иштирок доранд.
Имрӯз – 13 сентябр - муҳорибаҳои даври аввал ба анҷом мерасад. Дар даври аввал варзишгарони мо Шаббос Негматуллоев 10 сентябр бар Лиридон Нуҳа аз Шведсия ва Баҳодур Усмонов 12 сентябр бар Александ Железняк аз Украина дастболо шуданд. Вале ду муштзани дигари мо – Мирзомуҳаммад Бахтиёр аз ҳарифи амрикоияш Ҷавиа Мартинез ва Бахтовар Сагизов аз намояндаи Марокаш Муҳаммад Ҳамоут мағлуб ва аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.
Дар даври дуюм фардо – 14 сентябр – Баҳодур Усмонов муқобили Туғрул Эрдемир аз Туркия ба ринг мебарояд. Шаббос Негматуллоев бошад, 15 сентябр бо Абдураҳмон Салоҳи мисрӣ ҳарб мекунад.