29.08.2019
: 1120
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки дирӯз дар шаҳри Нурсултон ба анҷом расид, ҷои дуюмро ишғол кард.
Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар бозии ниҳоӣ аз дастаи мизбон – Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 0:3 шикаст хурданд. Дар бозиҳои даври гурӯҳӣ тими наврасони мо бар ҳамсолонашон аз Арманистон (2:1) ва Қазоқистон (2:1) ғалаба карда буданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 5000 доллари ИМА сарфароз гашт. Ғолиби мусобиқа – тими Қазоқистон (U-17) дар баробари медалҳои тилло 7000 доллар, барандаи медали биринҷӣ – тими наврасони Литва 3000 доллар ба даст оварданд.
Бозингари тими Тоҷикистон Алиҷон Айнӣ беҳтарин нимҳимоятгари мусобиқа дониста шуд.