28.08.2019
: 1067
Бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор ва иштирокчиёни даври нимфинал муайян гардиданд.
Дар ½-финали Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” бо “Ҳулбук”, “Хуҷанд” бо “Регар-ТадАЗ” вомехуранд. Бозиҳои аввал 1 октябр, бозиҳои ҷавобӣ 2-3 ноябр баргузор мешаванд.
Дар даври чорякфинал “Истиқлол” дар ду бозӣ бо ҳисоби умумии 8:1 бар тими “Эсхата” ғалаба кард. “Хуҷанд” бошад, ба дарвозаи тими “Хатлон” 3 голи беҷавоб зад. Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА “Помир” бо ҳисоби умумии 3:2 анҷом ёфт. “Ҳулбук” бар дастаи “Дӯстӣ” бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.