Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис насиби кӣ шуд?

Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис насиби кӣ шуд? Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис насиби кӣ шуд? Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис насиби кӣ шуд? Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис насиби кӣ шуд?

28.08.2019

: 1258

10-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Тоҷикистону Узбекистон ба анҷом расид.

Дар мусобиқа 64 теннисбози навраси то 17-сола аз 10 давлат - Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико иштирок карданд.
Миёни писарон теннисбози тоҷик Исамҷон Шарифов ғолиб шуд. Варзишгари дигари мо Аминҷон Абдуллоев ҷои сеюмро сазовор гашт. Ҷои дуюмро Данила Мароз аз Белорус ишғол намуд.
Миёни духтарон бошад, Моҳинур Шарипова аз Узбекистон ғалаба кард. Ҷойҳои дуюму сеюмро теннисбозони тоҷик Наргиза Яҳёева ва Диана Иванихина ишғол карданд.
Дар қувваозмоиҳои ҷуфтӣ миёни писарон тоҷикистониҳо Исамҷон Шарифов / Аминҷон Абдуллоев ҷои аввалро ба даст оварданд. Ҷои дуюм насиби ҷуфти омехтаи Данила Мароз (Белорус) / Бахтиёр Исроилов (Тоҷикистон), ҷои сеюм насиби ҷуфти дигари Тоҷикистон Марамадшо Айёмбеков / Тошпулод Саидмуродов гардид.
Миёни духтарон ҷуфти Наргиза Яҳёева / Диана Иванихина аз Тоҷикистон ғолиб омаданд. Ҷуфти дигари Тоҷикистон Амина Шерхонова / Сумайя Тухтаева ҷои дуюм, ҷуфти омехтаи Уммия Аблоқулова (Тоҷикистон) / Моҳинур Шарифова (Узбекистон) ҷои сеюмро мушарраф гардиданд.
Ба табрики ғолибону ҷоизадорон муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Шоҳин Саидов омаданд. Ғолибону ҷоизадорони 10-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо ҷом, медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ шуданд. Ба ғолибон 1000 доллари ШМА, барандагони ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллари ШМА тақдим гардид.