Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Ҳисор Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот ҷамъбаст шуд

27.08.2019

: 1147

Марҳилаи финалии Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Дар чемпионат, ки дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир гашт, 24 нафар ғолибони марҳилаҳои якуму дуюми интихобӣ ширкат намуданд.
Миёни мардҳо Ҷамшед Исоев бо 9 хол аз 11 холи имконпазир ғолиб шуд. Алишер Каримов бо 8,5 хол ҷои дуюм, Аминҷон Қобилов бо 7,5 хол ҷои сеюмро ишғол карданд.
Миёни бонувон Мутриба Ҳотамӣ бо 10 хол аз 11 холи имконпазир ғалаба кард. Медали нуқра насиби Надежда Антонова (9,5 хол), медали биринҷӣ насиби Сабрина Абророва (9 хол) гардид.