26.08.2019
: 1159
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон дар бозии дуюмаш низ ғалаба карда, ба финал баромад.
Футболбозони навраси мо дар даври сеюми бозиҳои гурӯҳӣ дар гурӯҳи “В” бар тими мизбон – Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ҷои аввалро ишғол намуд. Голҳоро дар ҳайати тими Тоҷикистон Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд. Футболбозони навраси мо дар бозии аввалашон бар тими Арманистон дастболо шуда буданд (2:1).
Ҳарифи тими наврасони Тоҷикистон дар финал дастаи Қазоқистон (U-17) мебошад, ки дар даври сеюм бар тими Литва (U-17) бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Финали мусобиқа дар шаҳри Нурсултон 28 август ба нақша гирифта шудааст. Дастаҳои Литва (U-17) ва Қазоқистон (U-16) барои ҷои сеюм ва Арманистон (U-17) бо Қирғизистон (U-17) барои ҷои панҷум бозӣ мекунанд.