Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Машғулиятҳои тамринии дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ анҷом ёфт

Машғулиятҳои тамринии дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ анҷом ёфт Машғулиятҳои тамринии дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ анҷом ёфт Машғулиятҳои тамринии дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ анҷом ёфт

23.08.2019

: 1175

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо ҷамъомади машқӣ-омӯзиширо дар шаҳри Аомории Ҷопон ба анҷом расонид. Машғулиятҳо 12 август шурӯъ шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 6 варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввали давраи машқу тамрини фишурда дар шаҳри Аомории Ҷопон иштирок намуд. Марҳилаи дуюм моҳи июни соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Ин тадбири варзишӣ дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Давлати Ҷопон роҳандозӣ гардид, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон санаи 5 октябри соли 2018 ба имзо расида буд.
Дзюдочиёни тоҷик дар ҷамъомади 12-рӯза дар Аоморӣ ҳамроҳ бо донишҷӯёни Донишгоҳи дзюдои Ҷопон ба машғулиятҳои тамриниву омӯзишӣ фаро гирифта шуда, ҳамчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, онҳо дар маросими ҷопонии «Асамуши Небута» ширкат карда, як шом меҳмони раиси шаҳри Аоморӣ буданд.
Фардо - 24 август - ҳайати даста аз шаҳри Аоморӣ ба Токио сафар карда, 25-31 август дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки яке аз мусобиқаҳои муҳим барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад, иштирок мекунад. Дар Чемпионати ҷаҳон ба ҳайат аъзои дигари дастаи мунтахаб Сомон Маҳмадбеков, Саидҷалол Саидов, Шакармамад Мирмамадов ва сармураббии даста Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳ мешаванд.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, тибқи маълумоти пешакӣ, 860 варзишгар (519 мард, 341 зан) аз 179 давлат иштирок мекунанд. Мусобиқот давоми 8 рӯз дар маҷмааи варзишии “Ниппон Будокан” сурат мегирад. Аввалин мусобиқаи олимпии дзюдо соли 1964 маҳз дар ҳамин маҷмаа доир гашта буд ва ҳамчунин он мусобиқоти дзюдои Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро қабул мекунад.
Ҳар рӯз ду қувваозмоӣ сурат мегирад – 1 категорияи вазнӣ миёни мардҳо, як вазн миёни бонувон. Дар рӯзи охир – 1 сентябр – қувваозмоиҳои даставӣ ба нақша гирифта шудааст. Фонди ҷоизаи чемпионат як миллион доллари ШМА-ро ташкил медиҳад. Дар рақобатҳои инфиродӣ барои ғолибон 26 000 доллар, барои ҷои дуюм 15 000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 8 000-долларӣ пешбинӣ шудааст. Дар қувваозмоиҳои даставӣ бошад, ғолиб 90 000 доллар, дастаи ҷои дуюм 60 000 доллар ва ду дастае, ки ҷои сеюмро ишғол мекунанд, 25 000-долларӣ ҷоизапулӣ мегиранд.