Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштироки Пешвои миллат дар мусобиқаи футбол байни наврасон

Иштироки Пешвои миллат дар мусобиқаи футбол байни наврасон Иштироки Пешвои миллат дар мусобиқаи футбол байни наврасон Иштироки Пешвои миллат дар мусобиқаи футбол байни наврасон Иштироки Пешвои миллат дар мусобиқаи футбол байни наврасон Иштироки Пешвои миллат дар мусобиқаи футбол байни наврасон

22.08.2019

: 1492

21 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаро тимҳои наврасони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ карда, байни ҳам қувва озмуданд. Аз дақиқаҳои аввали бозӣ мушоҳида гардид, ки наврасон дар вақти тамрин бо истифода аз шароитҳои мусоиди фароҳамовардаи Федератсияи футболи Тоҷикистон нозукиҳои ин намуди варзиши оламшумулро аз худ кардаанд. Чусту чолокӣ, риояи техникаи бозӣ ва дигар ҳаракатҳои футболбозон шаҳодати ин гуфтаҳост.
Ҳисобро дар дақиқаҳои аввали бозӣ варзишгари бомаҳорат Анушервони Рустам кушод. Анушервон бо як маҳорати хос бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тубро вориди дарвозаи ҳарифон кард.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди қабули “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012 - 2016” ва шуруъ аз соли 2014-ум баъди эълони “Соли оммавигардонии футбол” дар кишвар варзиши футбол рушд карда, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон бештар ба ин намуди варзиш ру оварданд.
Бозии дастаҳои “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бисёр шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 6 бар 1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” анҷом ёфт.
5 туб дар ин бозӣ бо зарбаҳои қавию нишонрас аз тарафи бозингари бомаҳорат Анушервони Рустам ба дарвозаи ҳарифон ворид гардид.
Баъди анҷоми бозии футбол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасманд кардани футболбозони наврас, ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тубҳои чармӣ тақдим карданд.
Дар мусобиқа, ки то 26 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Осоишгоҳи “Баҳористон” баргузор мегардад, дастаҳои “Спартак”, “Суғдиён”, “Дӯстӣ”-и шаҳри Хуҷанд, “Ёвар” ва “Амирӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳам қувва меозмоянд.