Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати CAFA (U-19): пирӯзии Тоҷикистон дар бозии аввалаш

12.08.2019

: 1045

Рӯзҳои 9-10 август дар шаҳри Душанбе бозиҳои ду даври Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд.

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар аввалин бозӣ бар тими ҷавонони Туркманистон бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев дуголӣ, Амадонӣ Камолов як гол ба номашон сабт карданд. Ин бозӣ дар доираи даври дуюми чемпионат 10 август доир гашт. Бозии дигари ин давр миёни дастаҳои Узбекистон – Афғонистон мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.
Дар даври аввал Эрон бар Узбекистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда, бозӣ миёни дастаҳои Афғонистон – Туркманистон мусовӣ (2:2) ба анҷом расид.
Дар даври сеюм имрӯз – 12 август – Эрон бо Туркманистон (соати 17:00), Тоҷикистон бо Афғонистон (20:00) вомехуранд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби ҷавонони (U-19) Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Туркманистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Чемпионати CAFA-2019 (U-19)

1-ум давр
Афғонистон – Туркманистон – 2:2
Голҳо: Фаршед Воҷдӣ, 10 (1:0). Руслан Приев, 17 (1:1). Тариқ Муҳаммадӣ, 27 (2:1). Бегенчмурат Мурадов, 89 (2:2).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).
9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 мухлис.

Узбекистон – Эрон – 0:2
Голҳо: Муҳаммад Ҳусейн Завварӣ, 50 (0:1). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 75 (0:2).

Сардовар: Ҳалим Ака Шерзод (Афғонистон).
9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 120 мухлис.

2-юм давр
Туркманистон – ТОҶИКИСТОН – 1:5
Голҳо: Раҳмон Муратбердиев, 16 (1:0). Амадонӣ Камолов, 34 (1:1). Шаҳром Самиев, 75 (1:2). Рустам Соиров, 88 (1:3). Рустам Соиров, 90+2 (1:4). Шаҳром Самиев, 90+5 (1:5).

Сардовар: Аҳрол Рисқуллоев (Узбекистон).
10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 мухлис.

Афғонистон – Узбекистон – 2:2
Голҳо: Беҳзод Шамсиев, 11 (0:1). Тоҳир Рафаэлов, 45 (0:2). Фаршед Воҷдӣ, 59 (1:2). Тариқ Муҳаммадӣ, 86 (2:2).

Сардовар: Воҳид Саид Козимӣ (Эрон).
10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 мухлис.



Бозиҳои оянда:

3-юм давр
12 август (душанбе)
17:00. Эрон – Туркманистон
20:00. ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

4-ум давр
13 август (сешанбе)
17:00. Эрон – Афғонистон
20:00. Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

5-ум давр
15 август (панҷшанбе)
17:00. Туркманистон – Узбекистон
20:00. ТОҶИКИСТОН – Эрон