Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қабл аз ЧҶ-2019 дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ тамрин мекунанд

Қабл аз ЧҶ-2019 дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ тамрин мекунанд Қабл аз ЧҶ-2019 дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ тамрин мекунанд Қабл аз ЧҶ-2019 дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ тамрин мекунанд Қабл аз ЧҶ-2019 дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ тамрин мекунанд Қабл аз ЧҶ-2019 дзюдочиёни тоҷик дар Аоморӣ тамрин мекунанд

12.08.2019

: 1199

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо ҷиҳати гузаронидани ҷамъомади машқӣ-таълимӣ рӯзҳои 12-23 август ба шаҳри Аомории Ҷопон сафарбар мегардад.

Ин тадбири варзишӣ дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Давлати Ҷопон роҳандозӣ мешавад, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон санаи 5 октябри соли 2018 ба имзо расида буд.
Тибқи санади мазкур ҳокимияти маҳаллии шаҳри Аомори бо дарназардошти захира ва имкониятҳои ҷойдошта барои аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ омодагии ҳамаҷониба дидан дар давраи пеш аз XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 метавонад ҳайати варзишгарони тоҷикро ба машқу тамрини ройгон фаро гирад.
Қобили зикр аст, ки давраҳои машқу тамрини фишурда дар ду марҳила амалӣ мегарданд. Баргузории марҳилаи якуми давраи машқу тамрини фишурда аз 11 август то 21 сентябри соли 2019 ба нақша гирифта шуда, марҳилаи дуюми чорабинӣ моҳи июни соли 2020 - як моҳ қабл аз оғози 32-юм Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 барпо мегардад.
Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдоро дар ҳайати 6 варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов бо роҳбарии мураббӣ Владимир Елчанинов аз 12 августи соли ҷорӣ ҷиҳати иштирок дар марҳилаи аввали давраи машқу тамрини фишурда ба шаҳри Аомории Ҷопон сафарбар намуд.
Қабл аз сафар муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо ҳайати даста мулоқот карда, барояшон дар тамринҳо ва чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо муваффақият хостанд.
Пас аз анҷоми ҷамъомади машқию таълимӣ дар санаи 23 август, ҳайати даста аз шаҳри Аомори ба Токио сафар карда, 25-31 август дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки яке аз мусобиқаҳои муҳим барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад, иштирок мекунад. Дар Чемпионати ҷаҳон ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аъзои дигари дастаи мунтахаб Сомон Маҳмадбеков, Саидҷалол Саидов, Шакармамад Мирмамадов ва сармураббии даста Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳ мешаванд.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, тибқи маълумоти пешакӣ, 889 варзишгар (537 мард, 352 зан) аз 152 давлат иштирок хоҳанд кард.