10.08.2019
: 1232
10 август ба муносибати Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Боғи Фирдавсии пойтахт таҳти унвони “Бо Пешвои варзишпарвари худ ифтихор дорем” роҳпаймоӣ доир гашт.
Дар чорабинии идона собиқадорони соҳа, варзишгарони наврасу ҷавон ва аъзои дастаҳои мунтахаби кишвар ширкат карданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро бо иди касбиашон таҳният гуфта, иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи варзишгарон сол то сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Хусусан имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мулоқоти роҳбарон бо варзишгарон ва чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид гардид, ки маҳз зери ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзиш дар кишвар рушд мекунад ва имрӯз ҷумҳурии мо, хусусан пойтахти азизамон мизбони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гардидааст. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб имкон фароҳам омад, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониву қитъавӣ муаррифгари давлату миллат бошанд.
Қабл аз роҳпаймоии варзишгарон чун анъана варзишгарону сокинони пойтахт машқҳои субҳгоҳӣ иҷро карданд.
Рӯзи варзишгарон бори аввал 18 июли соли 1939 дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил шуд. Сипас, ин ҷашн рӯзи шанбеи дуюми моҳи август муайян гардид. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон дар ҷумҳурӣ 10 август ҷашн гирифта мешавад.