Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзиш – саҳнаи номуси миллат

Варзиш – саҳнаи номуси миллат Варзиш – саҳнаи номуси миллат Варзиш – саҳнаи номуси миллат Варзиш – саҳнаи номуси миллат Варзиш – саҳнаи номуси миллат

09.08.2019

: 1168

Имрӯз – 9 август дар идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе таҳти унвони “Варзиш – саҳнаи номуси миллат” чорабинии фарҳангӣ доир гашт.

Дар оғоз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода варзишгарону мураббиён, собиқадорон ва ҳаводорони варзишро таҳният гуфта, зикр намуд, боиси хушнудист, ки дар Тоҷикистони азиз ҳар сол 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо роҳандозии як қатор чорабиниҳои оммавию варзишӣ, бо ҷалби тамоми варзишгарону мураббиён ва ҷавонон таҷлил мегардад ва ба тақвими ҷашнҳои миллии кишвар ворид шудани он гувоҳ аз рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат мебошад.
Ба роҳ мондани тадбирҳои шоиста ва сазовор дар самти таҷдиду азнавсозӣ ва бунёду ба истифода додани як қатор маҷмааву варзишгоҳҳо дар тамоми манотиқи кишвар гувоҳ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат дар ин самт аст. Ҳамчунин, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва эҳёи намудҳои варзиши миллӣ шаҳодати онанд, ки дастгирӣ ва рушд бахшидани соҳаи варзиш як қисмати сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро ташкил медиҳад.
Нишондоду оморҳои назаррас гувоҳи онанд, ки варзиши тоҷик ҳар соату дақиқа рӯ ба пешравӣ ниҳодааст. Танҳо соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии кишвар 125 иншооти гуногуни варзишӣ сохта ба истифода дода шуд ва шумораи умумии иншооти варзишии кишвар ба 9835 адад расид.
Таъкид гардид, ки ба хотири оммавигардонии варзиш ва ҷалб кардани наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4600 мусобиқаи гуногун, аз қабили чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои интихобии вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ баргузор гардид, ки дар онҳо ҳудуди 734 ҳазор варзишгар иштирок ва қувваозмоӣ карданд. Шумораи умумии чорабиниҳои варзишии доиршуда ба 6446 адад мерасад, ки дар онҳо қариб 1,3 миллион наврасу ҷавон ва аҳолии кишвар ҷалб шудаанд ва ҳудуди 25 фисадашро занону бонувон ташкил медиҳанд.
- Бо умеди дастовардҳои аз ин бештар ва сазовор будан ба ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Шумо - варзишгарони азиз, ҷавонмардону парчамбардорони кишварро бо самимияти беинтиҳо ба ифтихори Рӯзи варзишгарон сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки Шумо варзишгарони бонангу номус минбаъд низ барои ноил шудан ба дастовардҳои беназир ва парафшон намудани Парчами давлатӣ дар бузургтарин майдонҳои ҷаҳону минтақа дар канори ташаббусҳои Пешвои миллат ҳамеша муваффақ гардед, - афзуд А. Абдуллозода.
Сипас, барномаи фарҳангии ҳунармандони маъруфи кишвар пешкаши варзишгарону мураббиён, масъулони соҳа ва ҳаводорони варзиш гардид.