Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали Бозиҳои олимпии Токио-2020 муаррифӣ шуд

Медали Бозиҳои олимпии Токио-2020 муаррифӣ шуд Медали Бозиҳои олимпии Токио-2020 муаррифӣ шуд Медали Бозиҳои олимпии Токио-2020 муаррифӣ шуд Медали Бозиҳои олимпии Токио-2020 муаррифӣ шуд

24.07.2019

: 1599

То Бозиҳои олимпии Токио-2020 расо як сол боқӣ монд. Ба ин муносибат дар Токио зимни Форуми байналмилалии “1 сол то Токио-2020” намунаи медалҳои Бозиҳои олимпии соли 2020 муаррифӣ гардид.

Дар робита ба омода кардани медалҳои Бозиҳои 32-юми Олимпиада озмун эълон гардида буд, ки дар он 400 нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа, амали директори Ассотсиатсияи дизайнерони Ҷопон Ҷунишӣ Каванишӣ интихоб гардид.
Дизайни медали Токио-2020 консепсияеро ифода мекунад, ки варзишгарон барои расидан ба мақсад ҳар рӯз талош кунанд. Медал санги дуруштро ба ёд меорад, ки суфта шудааст ва акнун ҷило медиҳад ва рамзи нерӯи варзишгарон ва онҳое, ки варзишгаронро дастгирӣ мекунанд, ифода менамояд. Дизайни медал гуногуниро ифода карда, ҷаҳонеро нишон медиҳад, ки нисбат ба инсонҳое, ки дар варзиш ва кор фаъол мебошанд, эҳтиром қоил аст. Дурахши медал рамзи дӯстии қавии сокинони сайёраро ифода мекунад.
Тибқи талабаоти Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯи медал ҳатман бояд элементҳои зеринро дошта бошад, ки дар медали Токио-2020 истифода шудааст:
- Nike, олиҳаи пирӯзии Юнони қадим дар рӯбарӯи Варзишгоҳи Панатинаикос;
- Номи расмии бозиҳо;
- Рамзи олимпӣ (панҷ ҳалқа).

Характеристикаи медалҳо:
- Диаметр - 85мм
- Қисмати аз ҳама тунук: 7,7мм
- Қисмати ғафс: 12,1мм
- Вазни медали тилло: 556 грам (6 грам тилло, 550 грам нуқра)
- Нуқра: 550 грам (пурра нуқра)
- Биринҷӣ: 450 грам (95% мед, 5% руҳ)

Қайд кардан ба маврид аст, ки металҳои истифодашаванда барои медалҳои Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз таҷҳизоти куҳнаи электронӣ, мисли телефони мобилӣ ва телевизору радио, зимни як аксия аз аҳолӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Бозиҳои XXXII Олимпиада аз рӯи намудҳои тобистонаи варзиш соли 2020 аз 24 июл то 9 август баргузор мешавад.