24.07.2019
: 1156
22 июл дар шаҳри Душанбе курси омӯзишӣ-техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни таеквондои ҷаҳонӣ оғоз гардид, ки то 29 июл идома меёбад.
Машғулиятҳои назариявию амалӣ барои 20 мураббии ҷавон аз ВМКБ, шаҳри Душанбе вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо мегузаранд. Ба иштирокчиён коршиносони дараҷаи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Корея Лим Ҷаэҳюн ва Ҷонг Ҳо Бак нозукиҳои ин намуди олимпии варзиш ва усулу қоидаҳои нави таеквондоро меомӯзонанд.
Ин чорабинии варзишӣ бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи таеквондо WT-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Таеквондои ҷаҳонӣ дар доираи Барномаи «Курсҳои омӯзишӣ-техникӣ барои мураббиён»-и Ҳамбастагии олимпӣ амалӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки таеквондои ҷаҳонӣ яке аз варзишҳои намуди олимпӣ буда, ба монанди дигар намудҳои варзиш дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд мебошад. Айни замон беш аз чор ҳазор наврасу ҷавон дар сартосари кишвар ба ин намуди варзиш машғуланд.