Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон - барандаи медали нуқраи Ҷоми байниминтақавӣ

Мунтахаби Тоҷикистон - барандаи медали нуқраи Ҷоми байниминтақавӣ Мунтахаби Тоҷикистон - барандаи медали нуқраи Ҷоми байниминтақавӣ Мунтахаби Тоҷикистон - барандаи медали нуқраи Ҷоми байниминтақавӣ Мунтахаби Тоҷикистон - барандаи медали нуқраи Ҷоми байниминтақавӣ

20.07.2019

: 1088

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми қаҳрамонии байниминтақавӣ (Hero Interсontinental Cup 2019), ки 19 июл дар Аҳмадободи Ҳиндустон ба анҷом расид, ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

Дар бозии ниҳоӣ тими миллии мо бо ҳисоби минималии 0:1 аз дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ шикат хурд. Голи ягонаро дар дақиқаи 71-ум ҳамлавари кореягиҳо Пак Хион Ил зад.
Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» аз 7 то 19 июл дар Аҳмадобод бо иштироки тимҳои миллии Ҳиндустон, Тоҷикистон, Сурия ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр доир гардид, ки ҳар даста бо ҳамдигар як бозӣ анҷом доданд. Дар натиҷа ду даста – Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 6-холӣ гирифтанд ва дар финал бо ҳам вохурданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷои дуюм бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 25000 доллари ИМА қадрдонӣ шуд. Ғолиби мусобиқа – тими мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо 50000 доллар сарфароз гардид.