17.07.2019
: 1273
16 июл дар шаҳри Нурсултон VII мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон оғоз гардид, ки то 20 июл идома меёбад.
Дар мусобиқа беш аз 110 муштзан аз 11 кишвар - Алҷазоир, Булғория, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Руссия, Тоҷикистон, Узбекистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин иштирок доранд.
Аз ҷумҳурии мо ба мусобиқаи мазкур 8 варзишгар – Бахтовар Сагизов (57кг), Баҳодур Усмонов (63кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75кг), Шаббос Негматуллоев (81кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) миёни мардон, Миҷгона Самадова (57кг), Шоира Зулқайнарова (60кг) ва Идимоҳ Холова (69кг) миёни бонувон сафарбар гардидаанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа 2 варзишгари мо Бахтовар Сагизов ва Баҳодур Усмонов бар ҳарифонашон ғалаба карданд. Бахтовар варзишгари Булғория Аррат Байанро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуд, Баҳодур бинобар сабаби ба ринг набаромадани ҳарифаш Шалва Питсхелаурӣ аз Гурҷистон ғолиб дониста шуд.
Имрӯз – 17 июл – ҳамаи варзишгарони мо муҳориба мекунанд:
Мардон:
57кг. Сагизов Бахтовар – Миразизбек Мирзоҷалилов (Узбекистон)
63кг. Усмонов Баҳодур – Межитов Дилмурод (Қазоқистон)
75кг. Бахтиёр Мирзомуҳаммад – Юнус Немоучӣ (Алҷазоир)
81кг. Негматуллоев Шаббос – Ерлик Алжанов (Қазоқистон)
+91кг. Зуҳуров Сиёвуш – Сермаҳанов Нурболат (Қазоқистон)
Бонувон:
57кг. Самадова Миҷгона – Сония Султонқизӣ (Қазоқистон)
60кг. Зулқайнарова Шоира – Ронг Жанг (Чин)
Муҳорибаҳо аз рӯи 8 вазн миёни мардҳо ва панҷ вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибони мусобиқа ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ШМА, барандагони медали нуқра – 1000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 500 доллари ШМА дарёфт мекунанд.