Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳарифони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ЧҶ-2022 муайян шуданд

17.07.2019

: 1167

17 июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар шаҳри Кула Лумпури Малайзия, маросими қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд.

Дар асоси қуръакашӣ 40 даста ба 8 гурӯҳи иборат аз 5-дастаӣ тақсим шуданд. Тими миллии Тоҷикистон ба гурӯҳи “F” шомил шуд, ки ҳарифонаш беҳтарин дастаи Осиё дар Чемпионати ҷаҳон-2018 – Ҷопон, Қирғизистон, Мйанмар ва Муғулистон мебошанд. Бозиҳо 5 сентябри соли 2019 оғоз гардида, 9 июни соли 2020 анҷом меёбанд. Тими миллии Тоҷикистон аввалин бозиашро бо дастаи мунтахаби Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин дидор 5 сентябр дар Душанбе хоҳад гузашт.
Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва 4 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дар Чин ва марҳилаи финалии интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Қатар роҳхат мегиранд.
24 дастаи боқимонда дар даври дуюми интихобӣ барои 12 роҳхати дигари Ҷоми Осиё-2023 муборизаро идома медиҳанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023:



Тақвими бозиҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2022 ва Ҷоми Осиё-2023:

1-ум давр
05.09.2019
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

2-юм давр
10.09.2019
Муғулистон – ТОҶИКИСТОН

4-ум давр
15.10.2019
ТОҶИКИСТОН – Ҷопон

5-ум давр
14.11.2019
Мйанмар – ТОҶИКИСТОН

6-ум давр
19.11.2019
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

7-ум давр
26.03.2020
ТОҶИКИСТОН – Муғулистон

9-ум давр
04.06.2020
Ҷопон – ТОҶИКИСТОН

10-ум давр
09.06.2020
ТОҶИКИСТОН – Мйанмар