15.07.2019
: 1159
13-14 июл дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон XXII мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои чемпиони олимпӣ Татяна Колпакова баргузор гардид. Иштирокчиён имкон доштанд, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оваранд.
Дар мусобиқа ҳудуди 200 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон иштирок намуданд. Варзишгарони Тоҷикистон ба гирифтани 11 медал - 5 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Гулсунбӣ Шарифова миёни бонувон дар масофаҳои 200 (бо натиҷаи 23.39) ва 400 метр (52.72) ба гирифтани 2 медали тилло, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа миёни бонувон (59.21), миёни мардҳо Илдар Аҳмадиев дар масофаи 100 метр (10.98) ва Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа (52.93) ба гирифтани медали тиллоро сазовор шуданд.
Дар масофаи 400 метр бо монеа миёни мардҳо варзишгари дигари тоҷик Азиз Абдуллоев бо натиҷаи 54.21 ва тими мардонаи кишвар дар эстафетаи 4х100 бо натиҷаи 41.48 медали нуқра ба даст оварданд.
Медалҳои биринҷиро тими мардонаи кишвар дар эстафетаи 4х400 (3:19.90), Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр (47.48), Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ (7.08 метр) ва Нодира Мирзоева дар масофаи 400 метр бо монеа (1:15.12) соҳиб шуданд.
Ба иттилои котиби генералии Федератсияи варзиши сабуки Қирғизистон Иван Шербаков, иштирокчиён натавонистанд меъёрҳои муайяншуда барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро иҷро кунанд.
Натиҷаи мусобиқа (PDF)