Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рушди дзюдо дар мактаб: IJF ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

Рушди дзюдо дар мактаб: IJF ба Тоҷикистон кӯмак мекунад Рушди дзюдо дар мактаб: IJF ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

15.07.2019

: 1252

13-уми июли соли 2019 дар қароргоҳи Федератсияи байналмилалии дздо (IJF) воқеъ дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар самти рушди дзюдо дар мактаб шартнома ба имзо расид.

Санади мазкурро президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ва раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ба имзо расониданд.
Дар асоси санади мазкур, ки дар мувофиқа ва ҳамкрӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, Федератсияи байналмилалии дзюдо ба 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Данғара, Ваҳдат, Кӯлоб, Истаравшан, ноҳияҳои Кӯшониён, Муъминобод, Ванҷ ва Рӯшон гилеми варзишӣ (татамӣ) ва либосҳои варзишии кӯдакона тақдим хоҳад намуд. Ҳамчунин, 10 мураббӣ, ки ба наврасону ҷавонон ин намуди варзишро меомӯзонанд, муддати як сол маош дода хоҳад шуд.
Лоиҳаи мазкур озмоишӣ буда, дар сурати муваффақияти он дар рушди дзюдо миёни наврасони кишвар, эҳтимол солҳои оянда густариш хоҳад ёфт. Бояд хотиррасон намуд, ки маросими мазкур дар ҳошияи баргузории мусобиқаи байналмилии дзюдо - Гран Прии Будапешт-2019 сурат гирифт.
Дар мусобиқа, ки 12-14 июл баргузор шуд, 4 паҳлавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд. Натиҷаи беҳтарро Комроншоҳ Устопириён нишон дод. Ӯ дар вазни -90кг баъд аз се пирӯзӣ ва ду бохт ҷои ҳафтумро ишғол кард