13.07.2019
: 965
Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо соли 2022 дар шаҳри Будапешти Маҷористон доир мегардад.
Дар ин бора президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер 11 июл зимни маросими қуръакашии Гран Прии Будапешт хабар дод: “Маҷористон кишварест, ки Чемпионати ҷаҳонии дзюдоро соли 2017 гузаронида буд, дар гузашта бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ ва Ҷоми Маҷористонро ташкил кардааст ва ман эълон мекунам, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо соли 2022 дар Будапешт доир мешавад”.
Дар Будапешт, ҳамчунин соли 2004 Чемпионати ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон ва соли 2009 миёни наврасон баргузор гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо имсол аз 25 август то 1 сентябр дар Токио (Ҷопон), соли 2021 дар шаҳри Вена (Австрия) ба нақша гирифта шудааст.