Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

4 варзишгари тоҷик дар ЧҶ оид ба шиноварӣ иштирок мекунанд

4 варзишгари тоҷик дар ЧҶ оид ба шиноварӣ иштирок мекунанд 4 варзишгари тоҷик дар ЧҶ оид ба шиноварӣ иштирок мекунанд

12.07.2019

: 139

Имрӯз – 12 июл дар шаҳри Гванҷуи Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ шуруъ гардид, ки то 28 июл идома меёбад.

Дар чемпионат, ки дар равияҳои шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, ҷаҳиш ба об, шинои ҳамзамон, шиноварӣ дар оби озод, ҷаҳиш ба об аз баландӣ (20-27 метр) доир мегардад, 2623 нафар аз 194 давлати дунё иштирок мекунанд.
Аз ҷумҳурии мо 4 варзишгар – Олим Ишанов, Алиҷон Хайруллоев, Анастасия Тюрина ва Екатерина Бордачева ба Корея сафарбар гардиданд. Варзишгарони мо дар равияи шиноварӣ ба масофаҳои кӯтоҳ (50, 100 метр) бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Чингизов ширкат мекунанд. Мусобиқаи шиноварӣ 21-28 июл доир мегардад.
Варзишгаронро қабл аз сафар раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода қабул карда, дар ҷараёни суҳбат ба онҳо муваффақият таманно кард.
12-20 июл варзишгарон дар равияи ҷаҳиш ба об ва шинои ҳамзамон, 13-19 июл дар равияи шиноварӣ дар оби озод, 14-27 июл дар равияи тӯббозӣ дар об, 22-24 июл дар ҷаҳиш ба об аз баландӣ миёни ҳам сабқат мекунанд.