26.06.2019
: 1549
26 июн дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт, дар ноҳияи Рашт майдончаҳои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди бемайлони футбол дар кишвар пайваста аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳар гушаву канори мамлакат майдончаҳои хурду бузурги варзишӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст.
Аз ҷумла, дар деҳаи Сомониёни ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аз ҳисоби Барномаи “Олимп Осиё”-и Шӯрои олимпии Осиё майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол бо мавзеи обу тоби бадан ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ Ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Қосим Роҳбар, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳмадзода Нурмуҳаммад, сардори Раёсати рушди маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам ва роҳбарияти ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Мавзеи мазкур масоҳати беш аз 4000 метри мураббаъро дар бар гирифта, он аз як майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, ду майдонча барои бозии волейбол, майдончаи обу тоби бадан ва гулгаштҳо иборат мебошад ва як ҷои нообод ба мавзеи зебои фароғатӣ ва варзишӣ табдил ёфтааст.
Майдончаи варзишӣ барои бозии футбол дар масоҳати 992 метри мураббаъ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар рафти сохтмон масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода ва зимни иҷрои корҳо тамоми талаботи муосири сохтмони иншооти варзишӣ ба инобат гирифта шудааст. Майдончаи варзишӣ барои бозии волейбол бошад, масоҳати 340 метри мураббаъро дар бар гирифта, бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст.
Ҳамзамон, барои обу тоби бадан дар масоҳати 420 метри мураббаъ таҷҳизоти зарурӣ насб гардида, ҷавонону варзишгарон имкони васеи истифода аз онро доро мебошанд. Гирду атрофи мавзеи мазкур бо гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ оро ва барои фароғати сокинон нигаронида шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар мавзеи мазкур моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар доираи маблағҳои лоиҳаи дахлдори Шӯрои олимпии Осиё дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли ҷорӣ ба узвияти Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардида, тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби лоиҳаҳо ҷиҳати бунёди инфрасохтори варзишӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар тадбирҳои зарурӣ анҷом ёфта истодаанд.
Зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ аз номи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони ноҳияи Рашт лавозимоти варзишӣ ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Ҷавонону варзишгарони ноҳияи Рашт барои фароҳам овардани шароити машқу тамрин ва фароғат ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ миннатдории самимӣ баён намуданд.