26.06.2019
: 1430
22-25 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқа беш аз 50 варзишгар аз 6 давлат – Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок ва аз рӯи 14 равия миёни мардону бонувон қувваозмоӣ намуданд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқа ба гирифтани 6 медал – 1 нуқра, 5 биринҷӣ даст ёфтанд.
Медали нуқраро Климик Карина дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр миёни бонувон ба даст овард. Климик, ҳамучунин дар шинои тарзи парвона ба масофаи 100 метр миёни бонувон соҳиби медали биринҷӣ шуд. 4 медали дигари биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Екатерина Бордачёва дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр миёни бонувон, Гадоев Ардашер дар шинои тарзи озод ба масофаи 400 метр миёни мардҳо, Набиева Зарина дар шинои тарзи озод ба масофаи 400 метр миёни бонувон ва Хоркашов Рамзиёр дар шинои брасс ба масофаи 50 метр миёни мардҳо сазовор гардиданд.Дар ҳисоби даставӣ Россия ҷои аввал, Узбекистон мақоми дуюм, Белорус зинаи сеюмро сазовор гардиданд. Тоҷикистон ҷои чорумро ишғол намуд.