17.06.2019
: 1053
Дар бозии даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон дастаи “Куктош” дар меҳмонӣ бар тими “Хатлон” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Бозӣ дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар доир гардида, голи ягонаро легионери узбекистонии “Куктош” Муҳиддин Одилов дар дақиқаи 58-ум зад.
Пас аз ин ғалаба дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо 17 хол ба ҷои дуюми ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон баромад.
Се бозии дигари даври 9-ум миёни дастаҳои “Истиқлол” – КМВА “Помир”, “Хуҷанд” – “Панҷшер”, ва “Истаравшан” – “Регар-ТадАЗ” ба вақти дигар гузаронида шудааст. Аммо 22-23 июн бозиҳои даври даҳуми Чемпионати мамлакат баргузор мешавад. 22 июн “Истиқлол” бо “Панҷшер”, “Куктош” бо “Хуҷанд”, 23 июн “Регар-ТадАЗ” бо “Хатлон”, КМВА “Помир” бо “Истаравшан” вомехуранд. Оғози бозиҳо соати 17:30.