17.06.2019
: 1037
Шоҳмотбози машҳури кишвар, бузургустоди Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) Фаррух Амонатов дар 12-ум Ҷоми шаҳрдори Мумбай (Ҳиндустон), ки 7-16 июн доир гашт, ғолиб шуд.
Дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А” барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Мумбай, ки бори 12-ум баргузор мешавад, 217 шатранҷбоз аз 21 давлати дунё иштирок карданд.
Фаррух Амонатов дар 10 даври мусобиқа бо ба даст овардани 8 хол ғолиб гардид. Ӯ дар 6 давр бар ҳарифонаш аз ҷумҳуриҳои Ҳиндустон (4 нафар), Бангладеш ва Чилӣ ғолиб гардида, дар 4 давр бо намояндагони кишварҳои Ҳиндустон, Белгия, Арманистон ва Бразил мусовӣ бозӣ кард.
Фаррух Амонатов соли гузашта низ дар 11-ум Ҷоми шаҳрдори Мумбай ғолиб ва соҳиби 5000 доллари ШМА гардида буд.
Шоҳмотбози дигари тоҷик Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дар 12-ум Ҷоми шаҳрдори Мумбай бо 7 хол ҷои 11-умро ишғол кард.
Фонди ҷоизаи мусобиқа 360 000 000 рупияи Ҳиндустонро ташкил медиҳад ва варзишгароне, ки то ҷои 10-умро ишғол кардаанд, соҳиби ҷоизапулӣ мегарданд.