Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Саммити СҲШ: Созишномаи ҳамкорӣ дар самти варзиш ба имзо расид

Саммити СҲШ: Созишномаи ҳамкорӣ дар самти варзиш ба имзо расид Саммити СҲШ: Созишномаи ҳамкорӣ дар самти варзиш ба имзо расид Саммити СҲШ: Созишномаи ҳамкорӣ дар самти варзиш ба имзо расид

14.06.2019

: 1377

14 июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст дар ҳайати маҳдуд бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ҷараён гирифт.
Дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои рушди СҲШ, вазифаҳои аввалиндараҷаи таҳкиму таъмиқи ҳамгироӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, амният дар ҷаҳорчӯби созмон дар шароити муосир, вазъ дар минтақа, инчунин дигар мавзуъҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Белорус, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, дабирони кулл ва намояндагони СММ, СҲШ, раёсати СААД, ИДМ, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ вобаста ба вазъ дар Афғонистон, афзоиши хатарҳо дар минтақа, зарурати муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва паҳншавии идеологияи ҷинояткоронаи он сухан карданд.
Барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар қаламрави СҲШ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки масъалаи омӯзиши таъсиси Бонки СҲШ, Фонди рушди СҲШ, инчунин истифодаи имкониятҳои сармоягузории инфрасохтории Бонки Осиё, Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак тезонда шавад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, ҷалб карданд.
Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Бишкек қабул гардида, дар маҷмуъ 8 санад, аз ҷумла Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши ВАО, Созишнома байни сохторҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Нақшаи тадбирҳои асосӣ оид ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2019-2021 имзо карда шуд.