14.06.2019
: 1414
Таеквондочиёни кишвар дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ – Namangon Open сазовори 19 медал – 4 тилло, 5 нуқра, 10 биринҷӣ – гардиданд.
Мусобиқа 11-13 июн дар маҷмааи варзишии “Паҳлавон”-и шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон аз рӯи чор дараҷаи синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон – бо иштироки 1650 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд.
Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, дастаи Тоҷикистон дар ҳайати 82 варзишгар, 16 мураббӣ ва 3 довар ба мусобиқаи мазкур сафарбар гардида, ба гирифтани 19 медал даст ёфтанд.
- Аз 16 нафар мураббӣ 3 мураббии дастаи мунтахаб (Фозилов Далер, Фозилов Ислом, Тошматов Сафарбек) боқимонда мураббиёни минтақаҳо - Бадахшон, Хатлон, Душанбе, ШНТМ, клуби варзишии "Динамо", МҶМОВ оид ба намудҳои таеквондо ҳастанд. Соли гузашта аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои мураббиёни намуди таеквондо курсу семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда шуд ва мақсади сафарбар кардани онҳо ба ин мусобиқа андухтани таҷриба буд. Яъне, мураббиён тарзу усулу қоидаҳоеро, ки дар семинарҳо ба таври назариявӣ омӯхтанд, дар мусобиқаи берун аз кишвар ба таври амалӣ диданд. Дар ин мусобиқа аз ҷумҳурии мо доварони сатҳи байналмилалӣ Вафоназар Аланазаров, Ошӯр Ошӯрмуҳаммадов ва довари дараҷаи миллӣ Даврон Нарзуллоев рақобатҳоро ҳакамӣ карданд. Инчунин, намояндагони федератсия Муҳиддин Ҳотамов ва Фирӯз Файзиев дар Namangon Open ширкат намуданд - хабар дод Ҷаҳонзеб Қармишев.