Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аввалин Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот расман оғоз ёфт

08.06.2019

: 1601

Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода ва бо баргузории Фестивали шоҳмот аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат расман оғоз гардид.



Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ иштирокчиёни фестивалро шодбош гуфта, иброз дошт, ки дар доираи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ бори аввал Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар чор марҳила миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор мешавад. Даври аввали мусобиқа дар сатҳи шаҳраку маҳалла, деҳаҳо, вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ, даври дуюм бо иштироки ғолибони даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, даври сеюми мусобиқа бо иштироки ғолибони даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва бо иштироки ғолибони даври сеюм 1-5 октябр даври финалии мусобиқа дар сатҳи ҷумҳурӣ бо шаҳомати хоса доир хоҳад гашт. Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аллакай аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.
Таъкид шуд, ки имрӯз наврасони тоҷик дар ин намуди варзиш дар арсаи байналмилалӣ шарафи варзиши кишварро ҳифз мекунанд ва ба дастовардҳо ноил мегарданд. “Чанд рӯз қабл варзишгари навраси кишвар Сабрина Абророва дар як мусобиқаи бонуфуз дар шаҳри Ханти Мансийскийи Руссия миёни 60 давлати ҷаҳон ғолиб гардид, ки ман ба ӯ ва падару модараш, инчунин мураббиаш изҳори миннатдорӣ баён мекунам”, - афзуд Абдуллозода А.



Қайд гардид, ки хароҷоти сафари Сабрина Абророва ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ояндаи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат маблағгузорӣ мешавад.
Адҳам Маъмурзода зимни баромадаш, аз ҷумла қайд кард, ки шоҳмот намуди варзише мебошад, ки барои ташаккули шахсияти инсон мусоидат мекунад. Дар робита ба ин, бо супориши Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 сол мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар барномаи таълимии шоҳмот ва маҳфилҳову дастурамалҳо ба роҳ монда шудааст, ки заминаи мусоид барои рушди ин намуди қадимии мардуми тоҷик дар кишвар мегардад.



Сипас, бо пеш кардани муҳраҳои шоҳмот аз ҷониби ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва ғолиби Бозиҳои ҷаҳонии наврасон Сабрина Абророва Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот оғоз гардид.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат аз 10 июн то 8 июл дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимии олию миёна, даври дуюм аз 8 июл то 25 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум, даври сеюм аз 5 то 25 сентябр дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони даври дуюм ва даври ниҳоӣ аз 1 то 5 октябр ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ бо баргузории фестивали оммавӣ баргузор мешавад.
Барои ҷои якуми даставӣ 30 000 сомонӣ, барои ҷои дуюми даставӣ 25 000 сомонӣ, барои ҷои сеюми даставӣ 20 000 сомонӣ ва барои ғолибони мусобиқоти инфиродӣ дар се синну сол 25 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.