Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду медали варзишгарони тоҷик дар 5-ум Бозиҳои ҷаҳонии наврасон

Ду медали варзишгарони тоҷик дар 5-ум Бозиҳои ҷаҳонии наврасон Ду медали варзишгарони тоҷик дар 5-ум Бозиҳои ҷаҳонии наврасон Ду медали варзишгарони тоҷик дар 5-ум Бозиҳои ҷаҳонии наврасон Ду медали варзишгарони тоҷик дар 5-ум Бозиҳои ҷаҳонии наврасон

06.06.2019

: 278

Варзишгарони тоҷик дар 5-ум Бозиҳои ҷаҳонии наврасон сазовори ду медал – 1 тилло, 1 нуқра гардиданд.

5-ум Бозиҳои ҷаҳонии наврасони ҳамватан (World Junior Compatriot Games) бо ҳузури 650 иштирокчӣ аз 60 давлати дунё аз 1 то 5 июн дар шаҳри Ханти Мансийски Федератсияи Руссия баргузор шуд. Ба барномаи бозиҳо 7 намуди варзиш – баскетбол, волейбол, тенниси рӯи миз, футболи хурд, шиноварӣ, гимнастикаи бадеӣ ва шоҳмот дохил буд. Варзишгарони навраси мо дар се намуд – баскетбол, шиноварӣ ва шоҳмот ширкат намуданд.
Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон медали тиллоро Сабрина Абророва дар намуди шоҳмот ба даст овард. Ӯ дар 11 даври мусобиқа соҳиби 10.5 хол гардид, яъне дар 10 давр ғалаба карда, 1 бозиро мусовӣ анҷом дод. Ҷои дуюмро дар намуди шоҳмот миёни духтарон Умеда Омонова аз Узбекистон бо 10 хол ва ҷои сеюмро Азалия Мирланқизи аз Қирғизистон бо 9 хол илғол карданд.
Дастаи бескетболбозони мо дар бозиҳо сазовори медали нуқра шуданд. Дар мусобиқаи баскетбол 6 даста иштирок карданд. Тими Абхазия бо 10 хол ҷои аввал, Тоҷикистон бо 8 хол ҷои дуюм ва Руссия бо 7 хол ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Бозиҳои ҷаҳонии наврасон қаблан думаротибаӣ дар шаҳрҳои Сочӣ ва Қазон доир гардида буд.