Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷои панҷуми Кристина ва Одилшоҳ дар Гран Прии Осиё

06.06.2019

: 317

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Кристина Пронженко ва Одилшоҳ Исматов дар давраи якуми Гран Прии Осиё иштирок карданд.

Мусобиқа 4 июн дар шаҳри Ҷиангҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки беҳтарин варзишгарони қораи Осиё баргузор шуд. Тибқи низомнома дар мусобиқа варзишгароне, ки дар мусобиқаҳо натиҷаи беҳтар доранд, даъват гардиданд.
Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр миёни бонувон бо натиҷаи 54.44 сония ҷои панҷумро ишғол кард. Дар ин масофа ҷои аввалро Ти Лан Қуаш аз Ветнам (бо натиҷаи 52.63), ҷои дуюмро Надиша Рамакаяка аз Шри Ланка (53.24), ҷои сеюмро Ти Ҳанг Нгуйен аз Ветнам (53.29) сазовор гардиданд.
Одилшоҳ Исматов бошад, дар масофаи 800 метр панҷум шуда ба марра расид. Пеш аз ӯ Амир Муродии эронӣ (1:49.49), Ҳанамура Такутои ҷопонӣ (1:49.74), Дежу Лиуи чинӣ (1:50.29) ва Абдураҳмон Дорзодаи эронӣ (1:51.45) марраро фатҳ карданд.
Дар ҳисоби даставӣ Чин бо 14 медал (6 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ) ҷои аввалро ишғол кард. Қазоқистон бо 6 медал (4-1-1) дар ҷои дуюм, Ҷопон бо 7 медал (2-4-1) дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтанд. Умуман, варзишгарони 14 давлат сазовори медал шуданд.
Даври дуюми Гран Прии Осиё 7 июн дар шаҳри дигари Ҷумҳурии Чин – Чонқинг баргузор мешавад.