Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Асланҷон дар Талдиқурғон сазовори медали биринҷӣ шуд

Асланҷон дар Талдиқурғон сазовори медали биринҷӣ шуд Асланҷон дар Талдиқурғон сазовори медали биринҷӣ шуд

07.05.2019

: 855

Асланҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон дар Қазоқистон сазовори медали биринҷӣ шуд.

Мусобиқа ба хотири чемпиони Бозиҳои олимпӣ Ж. Ушкемпиров 4-6 май дар шаҳри Талдиқурғони Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 5 давлат – Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд.
Аз ҷумҳурии моро 3 варзишгари ҷавон иштирок карда, Асланҷон Азизов дар вазни 55кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон акнун дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуда, ба чемпионати Осиё, ки 9-14 июл дар Тайланд доир мегардад, омодагӣ мебинад.