22.04.2019
: 1308
Варзишгарони тоҷик Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Фуҷайраи АМА ҷараён дорад, сазовори ду медали нуқра гардиданд.
Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Арабистони Саудӣ Ракан Саидан, дар чорякфинал бар намояндаи Муғулистон Дууренбайар Улзибайар дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал варзишгари Қирғизистон Лурий Краковетскийро шикаст дод, вале дар финал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Сугмин Ким мағлуб гашт.
Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг, ки ду соли гузашта чемпиони Осиё буд, имсол ба гирифтани нуқра мушарраф шуд. Комроншоҳ низ дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар варзишгарони Узбекистон (Давлат Бобонов), Чин (Ҳебилиҷе Бу), Қазоқистон (Ислом Бозбоев) пирӯз гардида, ба финал баромад, вале дар ин давр аз Косуке Машаямаи ҷопонӣ шикаст хурд ва ҷои дуюмро ишғол кард.
3 варзишгари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол карданд ва мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар карданд.
Варзишгарони дигари мо Акмал Муродов дар вазни -81кг баъд аз пирӯзӣ бар намояндаи Арабистони Саудӣ Ҷобир Алҳазрӣ, дар даври дуюм аз варзишгари Чин Ласай Жа шикаст хурд. Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг дар даври аввал аз намояндаи Покистон Ҳусайн Шоҳ мағлуб гашт.