22.04.2019
: 1163
Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг миёни мардҳо ба даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс роҳ ёфт.
Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад.
Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу ғолиб омад ва ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Баҳодур дар ин давр бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғалаба кард. Дар нимфинал 25 апрел ӯ бо Саматалӣ Толтаев аз Қазоқистон нерӯ месанҷад.
Миёни бонувон Миҷгона Самадова, ки дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Қазоқистон Сония Султонқизи пирӯз шуд, дар чорякфинал аз Ёдгорой Мирзоеваи узбекистонӣ шикаст хурд.