22.04.2019
: 1102
Рӯзи истироҳатии якшанбе, 21 апрел, се бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Дар натиҷа, дастаи артиш – КМВА “Помир” соҳиби аввалин холҳо дар мавсими нав гардида, “Хатлон” аввалин ғалабаашро ҷашн гирифт ва “Панҷшер” 3 хол аз даст дод.
Дастаи “Хатлон”-и Бохтар, ки чемпионати имсоларо натиҷабахш оғоз накард, дар ин давр дар майдони худ бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои дастаи ғолибро Кароматулло Саидов ва Равшан Азизов заданд. Голи “Истаравшан”-ро Фирӯз Қараев аз пеналтӣ ба самар расонд.
“Хуҷанд” дар майдони худ бо тими КМВА “Помир” мусовӣ бозӣ кард – 1:1. Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 57-ум дастаи артишро ба пеш баровард. Дар охири бозӣ легионери узбекистонии “Хуҷанд” ҳисобро баробар кард.
Дар бозии дигар “Панҷшер” дар майдони худ аз тими “Регар-ТадАЗ” шикаст хурд – 0:1. Голи ягонаро Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 70-ум ба ҳадаф расонд.
Бо бозии дастаҳои “Куктош” – “Истиқлол” имрӯз – 22 апрел – барномаи даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон анҷом меёбад. Оғози бозӣ – соати 16:30.
МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТ
ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | Х | |
1 | "Истиқлол" (Душанбе) | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-2 | 6 |
2 | "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) | 3 | 2 | 0 | 1 | 5-4 | 6 |
3 | "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) | 3 | 2 | 0 | 1 | 3-2 | 6 |
4 | "Хуҷанд" (Хуҷанд) | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-3 | 4 |
5 | "Истаравшан" (Истаравшан) | 3 | 2 | 0 | 1 | 4-5 | 3 |
6 | "Куктош" (Рӯдакӣ) | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-3 | 3 |
7 | "Хатлон" (Бохтар) | 3 | 1 | 0 | 2 | 3-5 | 3 |
8 | КМВА "Помир" (Душанбе) | 3 | 0 | 1 | 2 | 1-4 | 1 |