22.04.2019
: 1268
Ду варзишгари тоҷик – Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг миёни мардҳо ва Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон ба даври чорякфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс роҳ ёфтанд.
Рақобатҳои даври чорякфинал имрӯз – 22 апрел баргузор мешавад. Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад.
Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу ғолиб омад ва ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Ҳарифи Баҳодур дар ин давр Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон мебошад.
Миҷгона Самадова, ки дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Қазоқистон Сония Султонқизи пирӯз шуд, дар чорякфинал бо Ёдгорой Мирзоеваи узбекистонӣ нерӯ месанҷад.
7 варзишгари дигари мо – Идимоҳ Холова (64кг), Нилуфар Бобоёрова (69кг), Сумайя Қосимова (48кг), Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон, Сомон Ҳабибов (60кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75кг) ва Шаббос Негматуллоев (81кг) миёни мардон дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Дар чемпионати Осиё оид ба бокс довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов қувваозмоиҳоро ҳакамӣ мекунад.