Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Нахустин ҳарифони дзюдочиёни тоҷик дар Гранд Слами Дюсселдорф маълум шуданд

22.02.2019

: 1268

Имрӯз – 22 феврал – дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон мусобиқаи байналмилалии Гранд слам оид ба дзюдо оғоз мегардад ва то 24 феврал идома меёбад.

Дар мусобиқа 606 варзишгар (362 мард, 244 зан) аз 93 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз кишвари мо Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) ширкат мекунанд.
Маросими қуръакашии мусобиқа шоми 21 феврал доир гардида, ҳарифони паҳлавонони моро дар даври аввал маълум кард. Беҳрӯз Хоҷазода бо Артём Хомула аз Украина, Сомон Маҳмадбеков бо Игор Вандтке аз Олмон, Акмал Муродов бо Тимо Кавелиус аз Олмон, Комроншоҳ Устопириён бо Маркус Ниман аз Шведсия ва Саидҷалол Саидов бо Ҷоаким Дварбӣ аз Шведсия гуштин мегиранд.
22 феврал қувваозмоиҳо аз рӯи категироияи вазнии -48кг, -82кг, -57кг (бонувон), -60кг, -66кг (мардон) сурат мегирад. 23 феврал паҳлавонон дар вазнҳои -63кг, -70кг (бонувон), -73кг, -81кг (мардҳо) рӯи гилем мебароянд. 24 феврал ғолибон дар вазнҳои -78кг, +78кг (бонувон), -90кг, -100кг, +100кг (мардон) маълум мегарданд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд.