Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Намудҳои ҳандбол ва бадминтон дар ҷумҳурӣ рушд мекунанд

Намудҳои ҳандбол ва бадминтон дар ҷумҳурӣ рушд мекунанд Намудҳои ҳандбол ва бадминтон дар ҷумҳурӣ рушд мекунанд Намудҳои ҳандбол ва бадминтон дар ҷумҳурӣ рушд мекунанд Намудҳои ҳандбол ва бадминтон дар ҷумҳурӣ рушд мекунанд Намудҳои ҳандбол ва бадминтон дар ҷумҳурӣ рушд мекунанд

22.02.2019

: 1338

22 феврал дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд. Ин бор намудҳои варзиши гуштини юнонӣ-римӣ, ҳандбол, акробатика ва бадминтон муҳокима шуд.

Дар оғози ҷаласа муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо хабар дод, ки 23 феврал дар Рӯзи Артиши миллӣ дар ҷумҳурӣ 521 чорабинии варзишӣ баргузор мегардад. Чун анъана чорабиниҳои ҷашнӣ бо доир шудани машқҳои субҳгоҳӣ дар боғҳои фарҳангу фароғат, майдонҳо ва майдончаҳои варзишӣ шуруъ мешавад. Ҳамчунин, фардо маросими кушодашавии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми журналистони ҷавон” ба нақша гирифта шудааст. Мусобиқа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бори аввал бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сурат мегирад ва дар он 16 дастаи расонаҳои хабарӣ ширкат менамоянд.
Сипас, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби гуштини юнонӣ-римӣ, ҳандбол, акробатикаи варзишӣ ва бадминтон гузориш доданд.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ Фаррух Беков зимни ироаи гузориш, аз ҷумла гуфт, ки намуди гуштин аз қадимтарин намудҳои варзиш мебошад. Мусобиқа оид ба ин намуд дар Бозиҳои олимпии қадим баргузор мешуданд. Беҳтарин дастоварди варзишгарони Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ медали биринҷии Муродҷон Туйчиев дар Бозиҳои Осиё-2010 (Гуанжоуи Чин) мебошад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 1500 варзишгар ба ин намуд машғуланд, ки бо онҳо 60 мураббӣ машғулият мегузаронанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати Исломиддин Мазитов (60кг), Мубинҷон Ахмедов (67кг), Ҳабибҷон Зуҳуров (77кг), Тоҳирҷон Охунов (87кг), Бобоҷон Мирзораҳимов (97кг) ва Азмуддин Ваҳобов (130кг) барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагӣ мебинанд. Бо ин мақсад иштироки даста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зарур аст, аз ҷумла дар чемпионати Осиё, ки 23-28 апрел дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад. Аввалин мусобиқаи интихобии олимпӣ чемпионати ҷаҳон ба шумор меравад, ки 14-22 сентябр дар Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. 5 нафар беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ дар чемпионати ҷаҳон соҳиби роҳхати олимпӣ мегарданд. Таъкид шуд, ки барои дастаи мунтахаб ҷиҳати тамрин толор, либоси махсуси варзишӣ ва табиб зарур аст. Инчунин, даста бояд бо фармокология ва стипендия таъмин карда шаванд.
Сармураббии дастаи мунтахаби ҳандболи ҷумҳурӣ Муҳаммад Мирзоҳодиев зимни гузориш иттилоъ дод, ки ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ баъд аз раиси федератсия интихоб шудани Шодӣ Сафаров акнун рушд меёбад. Феълан, дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ дида истодаанд. Аз ҷумла дастаи мунтахаби ҷавонон дар Ҷоми Федератсияи байналмилалии ҳандбол барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи июн дар Қазоқистон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Қабл аз он моҳи май даста дар мусобиқаи Ҷоми Федератсияи байналмилалӣ, ки дар Муғулистон доир мегардад, ширкат хоҳад кард.
Маълумот дода шуд, ки феълан дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар ихтисоси ҳандбол 11 гурӯҳ бо фарогирии 275 нафар ва дар Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 4 гурӯҳ бо фарогирии 80 нафар амал мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 540 нафар (352 мард, 188 зан) зери роҳнамоии 23 мураббӣ дар ин намуди варзиш тамрин мекунанд.
Сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид ба акробатикаи варзишӣ Рахила Алимова зимни баромадаш, аз ҷумла қайд кард, ки акробатикаи варзишӣ дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ хеле рушд карда буд. Он замон варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионатҳои ҷаҳон соҳиби ҷоиза гардидаанд.
Равияи ҷаҳиш дар батути акробатика соли 1988 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф гардид ва соли 1999 ҳамчун равияи гимнастикаи варзишӣ шинохта шуда, ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид шуд ва Федератсияи байналмилалии ҷаҳиш дар батут фаъолияташро қатъ кард. Аввалин мусобиқаи олимпӣ оид ба ҷаҳиш дар батут дар Бозиҳои олимпии Сидней-2000 доир гашт.
Таъкид гардид, ки ин намуди варзиш дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бештар миёни наврасону ҷавонон рушд кардааст. Дар шароити ҷумҳурии мо калонсолон ба ин намуд машғул намешаванд. Хусусан духтарон баъд аз ба шавҳар баромадан тамринро бас мекунанд. Мушкили дигари ин намуд муваққатан боз доштани эътирофи Федератсияи ҷумҳурӣ оид ба намудҳои гимнастика аз ҷониби федератсияи байналмилалӣ мебошад. Яъне, дар ин сурат варзишгарони мо наметавонанд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.
Сармураббии тими мунтахаби бадминтони ҷумҳурӣ Алишер Абдураҳимов оид ба вазъ ва ҳолати намуди бадминтон гузориш дод. Хабар дода шуд, ки Федератсияи бадминтони Тоҷикистон соли 2010 таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ кард ва соли 2012 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии бадминтон эътироф гардид.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат дар тобеи мактабҳои варзишӣ 22 гурӯҳ ва дар тобеи муассисаҳои таълимӣ 44 гурӯҳ таъсис дода шуд, ки ба онҳо 880 варзишгар фаро гирифта шудаанд. Варзишгарони намуди бадминтон барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020 имконият надоранд ва федератсия Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Парижро ҳадаф қарор додааст. Бо ин мақсад мураббиёну варзишгарон дар хориҷи кишвар ба курсу семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Таъкид шуд, ки бадминтон намуди шавқовари варзиш аст. Оилаҳо метавонанд зимни сайругашт дар боғҳои фарҳангу фароғат ба ин намуд машғул шаванд. Пешниҳод шуд, ки федератсия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати муаррифии намуди бадминтон ва ҷалби аҳолӣ ба ин намуд дар ҷумҳурӣ фестивали бадминтон гузаронад.
Дар ҷаласа масъалаҳои дигари соҳаи варзиш муҳокима шуд.