18.02.2019
: 1159
Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 15 нафар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Д. Шопоков ба Бишкек сафар кард.
Ба иттилои Федератсияи дӯстдорони бокси ҷумҳурӣ, аз 15 нафар ҳайати даста, 10 нафараш варзишгар мебошанд:
Бонувон
1. Рӯҳафзо Ҳақназарова (49кг)
2. Миҷгона Самадова (57кг)
3. Шоира Зулқайнарова (64кг)
4. Идимов Холова (69кг)
Мардҳо
1. Дилшод Оқилов (52кг)
2. Бахтовар Сагизов (57кг)
3. Баҳодур Усмонов (63кг)
4. Наврӯз Ҷафоев (75кг)
5. Аҳмадҷон Саидов (75кг)
6. Сиёвуш Зуҳуров (+91кг)
Варзишгаронро дар мусобиқа сармураббӣ Парвиз Аҳмадов, мураббиён Мирзо Шамсиев, Ҷамшед Султонов, Баҳром Усмонов ҳамроҳӣ менамоянд. Намояндаи Тоҷикистон Акмалҷон Абдуллоев ба ҳайси довар дар мусобиқаи мазкур ширкат мекунад.
Мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Д. Шопоков 19-24 феврал маротибаи 42-юм баргузор шуда, дар он иштироки варзишгарон аз кишварҳои ИДМ дар назар аст.