18.02.2019
: 1349
Дзюдочиёни ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Аврупо, ки 16-17 феврал дар шаҳри Санкт-Петербурги Руссия баргузор шуд, сазовори 1 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 12 нафар – Сиёвуш Солиҳов, Давлаталӣ Назаралиев, Муҳаммадризо Қувватов (ҳар се дар вазни -60кг), Манучеҳр Раҷабов, Одина Муҳаббатов, Ҷамолиддин Абдуллоев (ҳар се дар вазни -66кг), Иброҳим Саидакбаров, Қурбоналӣ Бозоров (ҳар ду дар вазни -73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Фаридун Холиқзода, Хушвақт Идиев (ҳар се дар вазни -81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) – иштирок намуданд.
Медали биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг сазовор гардид. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81кг ҷои панҷумро ишғол кард.Дар Ҷоми кушоди Аврупо миёни ҷавонон дар Санкт-Петербурги Руссия 242 варзишгар (154 мард, 88 зан) аз 14 давлат иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби Руссия бо 10 медали тилло, 9 нуқра, 22 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Нидерланд бо 3 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Италия бо 1 медали тилло ҷои сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали биринҷӣ дар ҷои 8-ум мавқеъ гирифт.