Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ баргузор шуд

Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ баргузор шуд Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ баргузор шуд Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ баргузор шуд Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ баргузор шуд

11.01.2019

: 1159

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таҳти раёсати ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид.

Тавре қаблан хабар додем, барои омодагии варзишгарон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 мактабҳои ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ низ вазифадор шуданд.
Дар ҷаласаи навбатӣ, ки сармураббиёни дастаҳои мунтахаб ҳам даъват шуда буданд, директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ Эркин Латипов оид ба Бозиҳои олимпии соли 2020 маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио 33 намуди варзиш (306 қувваозмоӣ) ворид гардидааст. Мусобиқаҳо аз рӯи 5 намуд – каратэ, серфинг, бейсбол, шӯхпаймоии варзишӣ ва скейтбозӣ бори аввал баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпии тобистона иштирок мекунад. Дар 6 олимпиадаи гузашта 58 варзишгари тоҷикистонӣ аз рӯи 11 намуди варзиш: бокс (10 нафар), гуштини озод (9), дзюдо (10), гуштини юнонӣ-румӣ (1), варзиши сабук (11), шиноварӣ (7), ҷаҳиш ба об (2), тирпаронӣ (3), камонварӣ (2), вазнбардорӣ (1), таеквондо WT (2 нафар) иштирок ва 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Зикр шуд, ки хушбахтона дар давраи олимпии нав бо супориши Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Кумитаи тадорукот барои омодагӣ ва иштироки варзишгарон дар XXXII Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2020 дар шаҳри Токиои Ҷопон ва Фонди омодагии олимпӣ дар назар аст, ки бо таъсиси онҳо тамоми мушкилиҳои соҳа ҷиҳати тайёрии дастаҳои мунтахаб бартараф хоҳад шуд.
Ин навбат сармураббиёни дастаҳои мунтахаб вазифадор шуданд, ки нақшаи кориашонро барои соли 2019 ва рӯйхати варзишгарони умедбахшро пешниҳод намоянд.
Дар идома гузориши сармурабби дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Ғайрат Неъматов оид ба омодагии варзишгарони тоҷик ба 10-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе шунида шуд. Маълумот пешниҳод гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд иштирок кардани варзишгарони тоҷик дар Ниммарафони Душанбе, ки бо ширкати беҳтарин варзишгарони ҷаҳон доир мегардад, Федератсияи варзиши сабук дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аз ҷумла, феълан варзишгарон дар ноҳияи Лахш ба тамрин машғуланд ва то моҳи апрел ҷамъомади машқӣ-таълимии даста дар Истироҳатгоҳи “Сароб”-и ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, ду варзишгари тоҷик дар Марафони Ҳонг Конг-2019, ки 17 феврал баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори аввал дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе системаи назорати допинг ба роҳ монда хоҳад шуд.