Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мубориза бо допинг пурзӯр мегардад

Мубориза бо допинг пурзӯр мегардад Мубориза бо допинг пурзӯр мегардад Мубориза бо допинг пурзӯр мегардад Мубориза бо допинг пурзӯр мегардад

10.01.2019

: 1213

Тавре иттилоъ додем, 7-9 январ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Тибби варзиш ва муҳофизати варзишгарони тоза” семинари омӯзишӣ доир гардид.

Ба семинар мураббиёни мактабҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ҷалб гардида, оид ба допинг, оқибатҳои истифода он, муҳлатҳои ҷазо барои истифодаи допинг, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба допинг ва ғайра донишҳои худро пурра намуданд.
Ба иштирокчиён мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои “Допинг чист?”, “Санадҳои асосии танзимкунандаи фаъолиятҳои зидди допинг”, “Таъсис ва вазифаҳои Агентии ҷаҳонии зидди допинг”, “Чораҳои байналмилалии мубориза бо допинг дар варзиш”, “Чораҳои мубориза бар зидди допинг дар сатҳи ҳукуматҳо”, “Шиносоӣ бо рӯйхати доруҳои мамнуъ дар варзиш”, “Тартиби гузаронидани ташхиси допинг”, “Натиҷаҳои истифодаи допинг ва таъсири он ба карйера ва ҳаёти шахсии варзишгар” ва ғайра давоми се рӯз маърӯза хонданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо аз ҷумла қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо допинг дар варзиш тамоми чораҳоро меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 2011 бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ, №1132 ба Конвенсияи байналмилалии зидди допинг ҳамроҳ шуд. Конвенияи мазкур 19 октябри соли 2005 дар шаҳри Парижи Фаронса қабул шуда, аз ҷониби зиёда аз 170 давлати ҷаҳон тавассути Конвенсияи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба мубориза бо допинг дар варзиш эътироф шудааст.
Ба ғайр аз кодекси мазкур дар Тоҷикистон фаъолиятҳои вобаста ба истифодаи допингро қонунҳо “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи тайёрии варзишӣ”, кодексҳои ҷиноятӣ, меҳнат ва Қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар кормандони соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд.
Гуфта шуд, ки Агентии ҷаҳонии зидди допинг соли 1999 таъсис ёфтааст ва дар тамоми ҷаҳон барои истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарон мубориза мебарад ва варзиши одилонаро таблиғ менамояд. Агентии ҷаҳонии зидди допинг дар ҳолати имрӯза 5 маркази қитъавӣ дорад ва ҳар сол то 320000 варзишгарро аз ташхис мегузаронад.
Бо нигаронӣ зикр шуд, ки соли 2018 4 варзишгари мо (2 нафар аз намуди вазнбардорӣ, якнафарӣ аз намудҳои дзюдо ва самбо) барои истифодаи доруҳои мамнуъ аз ҷониби Агентии ҷаҳонии зидди допинг маҳкум ва аз 2 то 4 сол аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум гардиданд. Барои мубориза бо ин амали нанговар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тамоми чораҳоро меандешанд.
Чанде пеш дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳти унвони “Мо - зидди допинг” бо иштироки донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ семинари машваратӣ доир гардида буд ва чунин чорабиниҳо пайваста баргузор хоҳанд шуд.
Иштирокчиёни семинар соҳиби сертификат гардида, дар доираи барнома нақшаи корӣ тартиб дода, дар мактабҳои варзишӣ барои варзишгарони наврасу ҷавон силсилаи семинару вохуриҳо ташкил менамоянд. Умуман, дар нақша ҳаст, ки беш аз 1200 нафар ба семинарҳои мубориза бо допинг фаро гирифта шаванд.