Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Эҳсони Панҷшанбе – беҳтарин футболбози сол

Эҳсони Панҷшанбе – беҳтарин футболбози сол Эҳсони Панҷшанбе – беҳтарин футболбози сол

29.12.2018

: 300

Нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, капитани тими мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин футболбози соли 2018 дониста шуд.

Маросими тантанавии ҷоизасупории Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти унвони “Файзи футболи тоҷик” 28 декабр дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе доир гашт. Дар чорабинӣ беҳтаринҳои футбол дар номинатсияҳои лигаҳои наврасон, футболи бонувон, футболи толорӣ, ҷавонон, лигаи якум, лигаи олӣ ва ғайра соҳиби ҷоиза гардиданд.

Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар мавсими соли 2018:

ЛИГАИ НАВРАСОН (U-15)
Беҳтарин бозингар – Кароматулло Боронов («Хатлон», Бохтар);
Беҳтарин нишонзан – Муҳаммадворис Сайдалиев («Соро компания»);
Беҳтарин мураббӣ – Исмоил Саидов («Соро компания»);

ЛИГАИ НАВРАСОН (U-17)
Беҳтарин бозингар – Нушервон Ҳомидов («Истиқлол»);
Беҳтарин нишонзан – Сунатулло Азизов («Хатлон», Бохтар);
Беҳтарин мураббӣ – Юсуф Рабиев («Истиқлол»);

ЛИГАИ НАВРАСОН (U-18)
Беҳтарин бозингар – Алинур Ниёзбеков («Орзу-2026» Академияи футболи ФФТ);
Беҳтарин нишонзан – Абдуллоҷони Қурбоналӣ («Истиқлол»);
Беҳтарин мураббӣ – Ҳикмат Фузайлов («Орзу-2026» Академияи футболи ФФТ);

ЛИГАИ БОНУВОН
Беҳтарин дарвозабон – Сайёра Саидова («Зебонисо»);
Беҳтарин нишонзан – Лайло Ҳалимова («Хатлон», Бохтар);
Беҳтарин мураббӣ – Нодира Мирзоева («Регар-ТадАЗ»);

БЕҲТАРИНҲОИ СОБИҚАДОРОН
Беҳтарин нишонзан – Сайҳомид Амиршоев («Кӯлоб», Душанбе);
Беҳтарин мураббӣ – Сайдалӣ Абдуллоев («Ромис-Испечак»);
Беҳтарин бозингар – Мансур Ҳакимов («Хуҷанд»);

ЛИГАИ КАСБИИ ФУТБОЛИ ТОЛОРӢ
Беҳтарин нишонзан – Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), 72 гол;
Беҳтарин мураббӣ – Пайрав Воҳидов («Соро компания»);
Беҳтарин бозингар – Раҳмоналӣ Шарифов («Соро компания»);

ЛИГАИ АВВАЛ
Беҳтарин нишонзан – Бахтовар Наҷмиддинов («Сомон»), 26 гол;
Беҳтарин мураббӣ – Шуҳрат Шамсиев («Истаравшан»);
Беҳтарин бозингар – Илҳом Баротов («Истаравшан»);

ҲАЙАТИ ҶАВОНОНИ ЛИГАИ ОЛӢ
Беҳтарин нишонзан – Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»), 17 гол;
Беҳтарин мураббӣ – Уктам Сатторов («Регар-ТадАЗ»);
Беҳтарин бозингар – Сунатулло Исмоилов («Хатлон», Бохтар);

ЛИГАИ ОЛӢ
Беҳтарин дарвозабон – Никола Стошич («Истиқлол»);
Беҳтарин ҳимоятгар – Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»);
Беҳтарин нимҳимоятгар – Кароматулло Саидов («Хатлон»);
Беҳтарин ҳамлагар – Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);
Беҳтарин нишонзан – Шериддин Бобоев («Истиқлол»), 12 гол;
Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);
Беҳтарин мураббӣ – Алиҷон Турдиназаров («Куктош»);
Беҳтарин бозингари сол – Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).